Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафари расмӣ ба Москва омад. Дар ҷараёни ин сафар ӯро вакилони Маҷлиси намояндагон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳамроҳӣ намуданд.
Дар рӯзи аввали сафари худ Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Русия Константин Ромодановский мулоқот намуда, бо ӯ масоили марбут ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро матраҳ намуд. Ш.Зуҳуров ба ҳамсӯҳбати худ дар бораи лоиҳаи Созишнома “ Оиди интихоби низомманди шаҳрвандон ба кор” ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки ин кори ояндадор буда, дар сурати ба таври муносиб ба роҳ мондан, ингуна интихоби коргарон метавонад ҷойгузини ҷустуҷӯи мустақилонаи кор гардад. Ба қавли сухангӯ имрӯза дар Тоҷикистон 30 агентии корёбии хусусии дорои иҷозатнома амал мекунад, вале албатта қисми зиёди муҳоҷирон худ бо воқеъ будан дар маърази хатар, сафар мекунанд. “ Мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзӯи доғи муносиботи Тоҷикистону Россия мебошад”-гуфт ҷаноби Ш. Зуҳуров.
Дар нимаи дуюми ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Шӯрои Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Валентина Матвиенко мулоқот намуд. Дар рафти музокирот Матвиенко қайд кард, ки : “ Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар сатҳи усулан нав баромадаанд. Гуфтугӯи фаъоли сиёсӣ рафта истодааст, ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои амниятӣ ва мудофиавӣ тақвият ёфта истодааст. Ҳоло муҳим аст, ки бар рӯи бахши иқтисодии ҳамкориҳоямон таъкид карда шавад”. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Россия шарики пешсафи тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва барои тақвият бахшидани минбаъдаи гароишҳои мусбат дар ин ҳавза бояд кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Дар навбати худ Шукурҷон Зуҳуров ин воқеиятро мусбат арзёбӣ кард, ки дар Шӯрои Федератсия ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, масоили муҳоҷират ва таъмини ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар ин ҳавза, таваҷҷӯҳи зиёд карда мешавад.
Дар чорчӯби сафари расмии худ ба Федератсияи Россия, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар санаи 18 июн бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Наришкин мулоқот намуд. “ Мулоқоти имрӯзаи мо ҷузъе аз гуфтугӯи калони сиёсӣ мебошад”-гуфт С.Наришкин ва қайд кард, ки мулоқотҳо дар сатҳи байнипарлумонӣ ба ба таври созанда ҳал намудани масоили ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва гуманитарӣ, кӯмак мекунанд. Ба гуфтаи С. Наришкин, парлумонҳои Россия ва Тоҷикистон созишномаҳои муҳимро дар ҳавзаҳои муҳоҷират, тавони мудофиа ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, сари вақт баррасӣ ва тасвиб мекунанд. С. Наришкин гуфт: “ Мо манфиатдор ҳастем, ки гуфтугӯи байнипарлумонӣ босубот ва давомнок бошад” ва қайд кард, ки “мавқеияти мо дар арсаҳои мухталифи байналмиллалӣ яксон ва ё мушобеҳ ҳастанд”.
Дар навбати худ Ш.Зухуров аҳамияти иртибототи байнипорлумониро қайд намуда дар бораи “ пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳ дар муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон” сухан гуфт. Ӯ инчунин мавзӯи тасвиби созишномаҳо миёни ду кишвар дар масоили муҳоҷират, мақоми пойгоҳҳои ҳарбӣ ва муборизаи муштарак бар зидди қочоқи маводи нашъаовар ва терроризмро матраҳ намуд.
Раиси ҳайати парлумонӣ ба С. Наришкин дар бораи намоишгоҳи фарҳанги Россия ки дар Тоҷикистон гузашт ва сафари ҳунарии ҳунармандони тоҷик ба Россия хабар дод.
Дар ҷараёни сафари расмияш ба Федератсияи Россия, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Сафорати ҶТ дар ФР бо намояндагони диаспораҳои тоҷик ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот кард. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин кормандони Сафорат, намояндаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар ФР иштирок намуданд. Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов сӯҳбатро оғоз намуда, қайд кард, ки ҳалли масоили муҳоҷирони меҳнатӣ ва кӯмакрасонии воқеӣ ба ҳамватанон аз масъалаҳои барӯз мебошад. Дар навбати худ Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори умед кард, ки тамоми масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳал мешаванд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки тақрибан 90% муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия кор мекунанд. Бино бар ҳамин таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия аз вуҷуди муқаррароти нормативӣ ва ҳуқуқии танзимкунандаи муносибати байни ду кишвар вобаста аст. Шоёни зикр аст, ки масоили ҳалли мушкилоти суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ борҳо аз ҷониби Тоҷикистон барои баррасӣ дар нишасти муштараки гурӯҳи кории Тоҷикистону Россия дар амаликунонии Созишномаи мазкур, пешниҳод шуда буд.
18 июни соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии заминсозӣ вохӯрии расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо устодну кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур баргузор шуд. Бахши расмии вохӯрӣ бо дидан аз Донишгоҳи давлатии заминсозӣ оғоз шуд. Меҳмонҳо аз маконҳои дидании донишгоҳ дидан намуда бо таҷҳизот ва дастовардҳои Донишгоҳи давлатии заминсозӣ ошно шуданд. Баъд аз ин иштироккунандагони вохӯрӣ ба толори донишгоҳ рафтанд, ки дар онҷо навори тасвирие дар бораи 235-солагии таърихи Донишгоҳи давлатии заминсозӣ ба намоиш гузошта шуд.
Ректори донишгоҳи мазкур Сергей Николаевич Волков дар суханрониҳои худ ба ҳайати омада аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, Шукурҷон Зуҳурович Зуҳуров, хатмкунандаи соли 1976-и Донишкадаи муҳандисони заминсозии Москва, суханҳои нек гуфт. С.Н. Волков қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии заминсозиро дар бораи ба Шукурҷон Зуҳуров додани унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии заминсозӣ ва тақдими нишони нуқраи илмии фахрии сарисинагӣ ба ӯро эълон намуд.