Раҳмон Озода Эмомалӣ: «Ҳар як тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар муаррифгари давлат ва миллати хеш аст» Избранное

24 Июн 2014
5156 раз

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ, ки 24 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ таъкид кард ва аз зуҳуроти мутаасир ба иддае аз онҳо дар хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ намуд.

Тавре пештар иттилоъ дода будем, 24 июни соли 2014 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ кори худ оғоз намуд.

Дар ин чорабинии муҳими ҷамъиятиву сиёсии кишвар, дар радифи дигар ашхоси расмӣ, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ низ иштирок ва суханрони намуд. Ҳангоми суханронӣ номбурда иброз дошт, ки баргузории ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ дар чунин сатҳ баёнгари таваҷҷӯҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар ба масъалаҳои таҳкими робитаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ќонунгузории кишварамон аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳимоят мекунад.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҷумхури бо арзи созгории пурра ва қаноатмандии зиёд аз он ёдовар шуд, ки Президенти кишварамон зимни сӯҳбату вохӯриҳои гарму самимие, ки ҳангоми сафарҳои хориҷии худ бо тоҷикону ҳамватанони бурунмарзӣ анҷом медиҳанд, ҳамеша таъкид бар он менамоянд, ки “ҳамватанони бурунмарзӣ ба корҳои созандагӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш ҷалб карда шаванд ва онҳо бояд шарикони доимии Ҳукумат дар раванди рушди устувори ҷумҳурӣ бошанд”.

-“Ин нукта бояд шоистаи дастгирии ҳамагон бошад. Гузашта аз ин, ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар, пеш аз ҳама, давлат ва миллати хешро муаррифӣ мекунад. Аз рафтору кирдор, фарҳангу маърифат ва одобу гуфтори онҳо дар бораи давлат, мардуми кишвар ва миллати кӯҳанбунёди тоҷик баҳо медиҳанд”- гуфт ҳини суханронияш Озода Раҳмон.

Мавсуф ишора бар он кард, ки ҳадафи асосии кор бо ҳамватанон дар хориҷи кишвар бо самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии кишвар, аз ҷумла роҳандозии чораҳои муассир барои такмили ќонунгузорӣ, андешидани тадбирҳои лозима бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоягузорон, ба хусус ҷалби сармояҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар созгор мебошад.

Дар баробари ин, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ аз он изҳори нигаронии ҷиддӣ намуд, ки дар ќаламрави баъзе аз давлатҳои ќабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, иштирок намудани баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳҳои ҷинояткор, даст задан ба ҷалби ѓайриќонунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва ҷалби онҳо ба созмонҳои ҷиноӣ дар кишварҳои сеюм ва дигар кирдорҳои номатлуби шаҳрвандони кишвари мо, ба маданият ва фарҳанги пурѓановати миллати тоҷик доғ меоваранд.

-“Ҷиҳати пешгирии ин гуна зуҳурот, ки ҳам зарбаи маънавӣ ба миллату кишвари тамаддунсози мо мезанад ва ҳам ба амнияти кишвари мову кишвари иқоматашон хатар дорад, роҳандозии фаъолияти муштарак бо мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва вокуниши ҷиддию фаврӣ ба чунин амалҳо як амри воқеӣ мебошад”- таъкид намуд ӯ.

Раҳмон Озода Эмомалӣ хамчунин гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, дар асоси меъёрҳои ҳуќуќи байналмилалӣ ва қонунгузории кишварамон аз ҳуќуќу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳимоят мекунад.

-“Ин вазифаи муҳим ҳамчунин дар Низомномаи Вазорати корҳои хориҷӣ инъикос ёфтааст, - таъкид намуд дипломати баландпояи ҷумҳури. -“Бино ба малумоти номбурда айни ҳол бештар аз 30 намояндагӣ ва 14 консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар фаъолият доранд ва ҳамарўза баҳри ҳифзи ҳуќуќ ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар талош меварзанд”.

Шумораи бештари ҳамватанони мо дар ќаламрави Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ќазоқистон кору фаъолият доранд. Аз ин нигоҳ, дар маҷмўъ 5 намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар шаҳрҳои Москва, Уфа, Екатеринбург, Остона ва Алмато фаъолият мебаранд. Дар ояндаи наздик ифтитоҳи чанд намояндагии дигар дар Федератсияи Россия пешбинӣ шудааст. (Санкт Петербург ва Краснодар)- изхор дошт ӯ.

Вай аз ҷумла хабар дод, ки дар самти танзими сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ пояи шартномавӣ-ҳуқуқии мусоид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Қазоқистон дар сатҳи дуҷониба фароҳам оварда шудааст. Вазорати корҳои хориҷӣ дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар пайваста талош меварзад, ки фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар хориҷи кишвар самараноктар сурат гирад ва шумораю фаъолияти намояндагиҳо дар хориҷа ҷавобгӯи ниёзҳои шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Дипломати баландпояи тоҷик аз суханони воқеии Президенти кишвар ёдовар шуд, ки эшон борҳо таъкид намуданд: «давлати соҳибистиќлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи ҳамватанону ҳамдиёрони бурунмарзӣ аст ва сарфи назар аз маҳалли кору зиндагиашон, бо қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад».

Дар ин росто,- гуфт Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ,- ба намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо диаспора ва ҷамъиятҳои тоҷикон – ҳамватанони бурунмарзӣ лозим меояд, ки барои пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари хориҷӣ ва корфармоён фаъолияти гуногунҷабҳа ва мақсаднокро тақвият диҳанд. Бе чунин ҳамкорӣ пешравии кор дар самти мазкур ва ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди босуботи кишвар хеле мураккаб мегардад.

Ба андешаи номбурда, пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, пешгирии интишори ҳамагуна маълумоти бадномкунанда ва носаҳеҳ дар воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуќуќии муҳоҷирони меҳнатӣ боиси боз ҳам боло рафтани обрўву нуфузи кишвари мо мегардад.

Бояд гуфт, ки дар кори Форуми мазкур намояндагони вазорату идораҳо, макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, Суғд, шаҳри Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятии минтақавӣ, марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ аз вилоятҳо, шаҳру минтаќаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ширкат доштанд.

Хадамоти матбуоти Сафорат

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон