Иштироки Сафири Тоҷикистон дар семинар доир ба мубориза алайҳи бемории сил Избранное

22 Сен 2017
1034 раз

21 сентябри 2017 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар кори семинар доир ба мубориза алайҳи бемории сил, ки дар Сафорати Шоҳигарии Нидерланд дар шаҳри Москва баргузор гардид, ширкат намуд.
Семинари мазкур таҳти сарпарастии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, Вазорати тандурустӣ, амнияти иҷтимоӣ ва варзиши Шоҳигарии Нидерланд, Фонди мубориза алайҳи бемории сил “KNCV”, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Сафорати Шоҳигарии Нидерланд дар Федератсияи Россия, роҳандозӣ шуд.
Чорабинӣ дар пешопеши Якумин конфронси ҷаҳонии вазирони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки 16-17 ноябри 2017 дар шаҳри Москва ба нақша гирифта шудааст баргузор гардида, мақсади асосии он мубодилаи таҷрибаи истифодаи роҳҳои иноватсионии мубориза алайҳи ин беморӣ буд.
Дар чорабинии мазкур Намояндагони вазорати тандурустии Федератсияи Россия, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, сафирони як қатор кишварҳо, мутахассисони ин соҳа аз созмонҳои байнанлмилалӣ ширкат варзиданда, аз таҷрибаи хеш дар мубориза бо бемории сил, сухан гуфтанд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов низ дар қатори сафирони дигар кишварҳо, аз вазъияти кунунии пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил дар қаламрави Тоҷикистон, таҷриба, корҳои дар ин самт ба сомон расонида ва мушкилиҳои ҷойдошта ба ҳозирин маърӯза намуд.
Сафири Тоҷикистон қайд кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши ҳама гуна муҳоҷират, кам кишваре метавонад ба танҳоӣ муқобили ин гуна бемориҳои вазнин истодагарӣ намояд. Бино бар ин изҳори умедворӣ гардид, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои мухталифи молию хайриявӣ, минбаъд низ бо Тоҷикистон ҳамкории зичро ба роҳ монда, ба дастовардҳои бештар дар мубориза бо бемории сил дар қаламрави Тоҷикистон, ноил хоҳанд гашт.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон