15 сентябри соли 2017 дар шаҳри Москва ҷаласаи 75-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Имомуддин Сатторов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд.
Дар ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи муроҷиатномаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар бораи мубориза бо картелҳои байналмилалӣ, лоиҳаи консепсияҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мелиоратсияи замин ва мошинсозӣ барои соҳаи нафту газ, лоиҳаи қарори сарои давлатҳои ИДМ дар бораи муайян намудани ваколатҳо байни мақомоти олии роҳбарикунандаи ИДМ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома дар бораи муайян намудани кишвари истеҳсолкунандаи мол, дар бораи омодагӣ ба баргузории руйхатгирии аҳолӣ, як қатор ҳуҷҷатҳои молиявию буҷетӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии ИДМ 15 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва баргузор мегардад.
Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР