Иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ Избранное

10 Сен 2016
2154 раз

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 71-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ Имомуддин Сатторов иштирок намуд.
Ба рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи иқтисод дохил буданд. Аз ҷумла, лоиҳаи созишномаҳо дар бораи иттилооти зарурӣ ҷиҳати муайян намудани арзиши гумрукии маҳсулот, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон, ворид намудани тағйиротҳо ба созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, дар бораи сиёсати рақобат ва нақши мақомоти зиддиинҳисорӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дар бораи танзим ва назорат дар соҳаи бонкӣ, дурнамои истеҳсол ва истеъмоли захираҳои энергетикии давлатҳои аъзои ИДМ, масъалаҳои буҷету молиявӣ, аз ҷумла лоиҳаи буҷети ягонаи ИДМ барои соли 2017 ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо назардошти тағйироту иловаҳои дар рафти ҷаласа баёнгардида, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ба баррасии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод мегарданд.
Ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои иқтисодии ИДМ моҳи декабри соли 2016 дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон