Рассомони тоҷик дар XIX-ум Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ кишварро дар сатҳи шоиста муаррифӣ карданд. Избранное

10 Март 2016
2940 раз

Дар Толори марказии рассомони Москва XIX-ум Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ таҳти унвони “Манзараҳои замонаҳо” баргузор гашта истодааст. Ин намоишгоҳро Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи рассмон бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии ФР. Вазорати фарҳанги ФР ва Академияи рассомии Россия ташкил кард.
Лоиҳаи мазкур ба манзури тамошобинон эҷодиёти рассомони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро пешниҳод кард ва дар байни онҳо намоишгоҳи рассомони тоҷик – Сабзалӣ Шарипов, Рассоми халқии Тоҷикистон ва рассоми ҷавон Мурод Шарипов ҷойгоҳи шоистаро касб намуд.
Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ширкат варзид. Сафири Тоҷикистон инчунин аз намоишгоҳи рассомони тоҷик дидан карда, бо онҳо ва ташкилкунандагони намоишгоҳ суҳбат дошт. Имомуддин Сатторов ба рассомони тоҷик ва ташкилкунандагони чорабинӣ барои саҳм бузургушон дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ миёни кишварҳои ИДМ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки чунин лоиҳаҳо барои рушди муносибатҳои фарҳангии дуҷониба ва бардоштани обрую манзалати кишвар тавуссути тарғиби санъати он мусоидат мекунад.
Намоишгоҳи Тоҷикистон аз 12 мусаввараи рассоми забардасти тоҷик Сабзалӣ Шарипов ва рассоми ҷавон Мурод Шарипов иборат аст. Намоишгоҳи рассомони тоҷик таваҷҷуҳи беандозаи тамошибинони намоишгоҳро ҷалб намуд ва офаридаҳои устодони санъати мо аз тарафи коршиносони соҳа баланд арзёбӣ гаштанд.
Аз ҷумла, Маргарита Карлова, санъатшинос, ташкилкунандаи ин намоишгоҳ Сабзалӣ Шариповро рассоми боистеъдоди замони муосир номида, қайд кард, ки офаридаҳои беназири ӯ дар хазинаҳои рассомии Конфедератсияи байналмилалии рассомон, Вазорати фарҳанги РФ ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд. “Офаридаҳои Сабзалӣ Шарипов ин назокати ҳаракат, фикр ва сатҳи воло мебошанд. Сабзалӣ ва Мурод Шариповҳо дар ин намоишгоҳ собит сохтанд, ки санъати тоҷик чист ва он чи тавре қавӣ ва бузург буд, ҳамон тавр боқӣ монд” – хулоса намуд М. Карлова.
Виктор Калинин, узви Раёсати Академияи рассомии ФР, Академик инчунин оид ба таассуроти бардоштаи худ аз намоишгоҳи рассомони тоҷик ибрози ақида карда, қайд намуд, ки “Сабзалӣ Шарипов рассоми гуногунсамт мебошад, ӯ ҳам монументалист, график ва ҳам мусаввир аст. Ӯ бо вуҷуди замонаҳои душвор неруи худро аз даст надод ва истеъдодашро ба сатҳи воло расонид ва устоди беҳамто мебошад”.
Намоишгоҳҳои байналмилалии рассомии Москва ҳамасола дар яке аз толорҳои асосии рассомии Москва дар Толори марказии рассомон баргузор мегардад ва рассомони боистеъдоди кишварҳои ИДМ-ро гирд меоварад. Намоишгоҳҳои мазкур имконияти нодирро барои ҳаводорони санъати тасвирӣ ҷиҳати ошноӣ бо эҷодиёти рассомон аз кишварҳои гуногун фароҳам меоварад ва барои якдигарфаҳмӣ ва рушди санъат мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон