Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Россия Избранное

16 Нояб 2022
54 раз

15 ноябри соли 2022 дар ш.Москва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони диаспораи тоҷикон дар Россия, инчунин ҳамватанони муқими шаҳри Москва ва вилояти Москва баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳозиринро бо ин ҷашнҳои муҳими таърихӣ табрик гуфта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ, пойдории давлатдории тоҷикон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон, ҳамчуинин аҳамияти тақдирсозу таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуд.
Ҳамзамон доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.
Дар навбати худ иштирокчиёни чорабинӣ ба рушди Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият баҳои баланд дода, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти кишвар андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон