26 октябри соли 2022 ба муносибати истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар толори консертии «Бошқирдистон»-и шаҳри Уфаи Россия Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ ҳунармандони тоҷик барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мусаввараҳои рассомони тоҷикро манзури тамошобинону аҳли фарҳангу адаби ин шаҳр гардониданд.
Ҳунармандони мо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд. Инчунин суруду оҳангҳои дилнишини ромишгарон ва рақсҳои ҷаззоби гулдухтарони зебои тоҷик ба аҳли нишаст нишоту сурури беандоза эҳдо намуданд.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ мулоқоти муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон Амина Шафикова доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои фарҳангӣ миёни ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.