Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия Избранное

25 Окт 2022
107 раз

24 октябри соли 2022 ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Россия дар Театри давлатии академии Малии шаҳри Москва маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо тантана ва сабки хоси миллии тоҷикӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони Ҳукумати Федератсияи Россия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Россия иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ва Статс-Котиб-Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Манилова Алла Юревна бо суханони шодбошӣ меҳмононро хайра мақдам гуфтанд.
Зикр карда шуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ва Россия дар Тоҷикистон бо иштироки ходимони фарҳангу ҳунари ду кишвар ба як анъанаи нек табдил ёфта, дар таҳкими дӯстии халқҳои мо нақши муҳим мебозад.
Сипас консерти калони устодони санъати Тоҷикистон оғоз шуд. Дар он барандагони озмунҳои байналмилалӣ, ҳунарпешаҳои халқӣ ва хизматнишондода, овозхонҳои маъруфи эстрадӣ ва навозандагони асбобҳои мусиқӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҳунарнамоии моҳиронаи гулдухтарони ансамблҳои рақсии «Гулрез»ва «Зебо» ба дили тамошобинон фараҳу шодӣ бахшид.
Барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиб, ки аз ҷониби ҳайати эҷодӣ омода гардид буд, ҳозиринро бо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири халқи тоҷик ошно сохт. Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои духтарони тоҷик, аҳли нишастро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Тоҷикистон қарор дод.
Дар толори театр намоишгоҳи мусаввараҳои рассомони боистеъдоди тоҷик, инчунин маҳсули кори ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Россия ва Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии Россия “Росконсерт” баргузор гардид.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бо баргузории барномаи ҳунарӣ ва дигар чорабиниҳо дар толори давлатии консертии ба номи "Бошқирдистон”-и шаҳри Уфа рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон