Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат Избранное

04 Окт 2022
50 раз

3 октябри соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бо донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии кишвари иқомат ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия мулоқот анҷом дод.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии табрикотӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши бузурги забони тоҷикӣ дар низоми давлатдорӣ, пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намуд. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону олимони тоҷик, ки маҳз тавассути онҳо рушду пойдории забони тоҷикӣ барои наслҳои минбаъда таъмин гардид, қайд карда шуд.

Махсусан таъкид гардид, ки нақши муҳим ва мақоми воқеан давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон бевосита аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад.

Ҳамчунин дар рафти мулоқот Д. Гулмаҳмадзода бо иштирокдорон дар мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 31 соли Истиқлолият, таблиғи худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон, ба вежа таъкид гардид.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ба донишҷӯён маслиҳат дод, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон истифода баранд.

Дар он вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, низ баррасӣ гардид.
Роҳбари Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки Сафорат омода аст, то дар амалисозии ташаббусҳои ҷавонони донишҷӯ мусоидат намояд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон