26-27 августи сол ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб вилояти Хатлон Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» баргузор гардид.
Дар форум беш аз 300 нафар, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ширкат варзиданд.
Пеш аз оғози кори форум иштироккунандагон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон боздид ба амал оварданд.
Дар рафти форум масоили марбут ба имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, беш аз 15 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар бахшҳо ба имзо расонида шуданд.
Ҳамчунин зимни форум навори видеоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда, иштирокдорон бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва МОИ «Кӯлоб» шиносоӣ пайдо намуданд.