17-18 августи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва бо мусоидати муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест – 2022” баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар, аз ҷумла, роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокдорон аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал оварданд.
Ҳадафи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022»- ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи кишвар ва муаррифии имконияти сармоягузории ВМКБ ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, саноат, энергетика, сайёҳӣ иборат буда, иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди ВМКБ-ро баррасӣ намуданд.
30 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодӣ, ба мисли саноат, саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди сангҳои ороишӣ, соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, хизматрасонии нақлиёт ва сайёҳӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди иқтисоди ин минтақаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.