Ёдбуди аҳли ҳунар дар Москва Избранное

01 Дек 2014
3922 раз

Дар ҳошияи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба 50 умин солгарди таъсисёбии ансамбли овозадори тоҷики "Гулшан" дар яке аз толорҳои мӯҳташами Москва ҳамоиш ва консерт ба ёдбуди ситораҳои ҳунари эстрадӣ Хурмо Ширинова, Муборакшо Мирзошоев ва Наргис Бандишоева баргузор гардид.

Дар оғоз як филми кӯтоҳмуддат ба намоиш гузошта шуд, ки дар асоси наворҳои солҳои пешин аз рӯзгору фаъолияти ин се ситора ҳикоят мекард.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ин ҳамоиши ҳамватанонро ҳусни ифтитоҳ бахшида, гуфт аз он солҳои пешин, ки таронаҳои ин овозхонҳо дар маърази назари аксари ҷавонону наврасони давр қарор доштанд, хотираҳои рангин дорад. "Дар оҳанги ин таронаҳои ширин насли давру замон бузург шуданд, инҳо маҳбуби дилҳо буданд. Басо рамзист, ки имрӯзҳо овозхонҳои дигар таронаҳои Хурмову Муборакшову Наргисро дубора замзама мекунанд. Фарҳанг ва ҳунар яке аз василаҳои пояндадошти миллат ва арзишҳои он ба шумор меравад. Шодем, ки ҳолиё дар пойтахти кишвари рус, ҳазорҳо фарсах дур аз Ватани азиз мусиқиву оҳангҳои дилнишини тоҷикӣ садо медиҳанд. Мо тоҷикон дар кулвори фарҳангу санъати хеш басо чизҳои наҷибе дорем, ки дар Русия, чуноне, ки ман дар Олмон низ таҷруба кардаам, метавонад истиқболи гарму самимӣ дарёбад. Биёед якҷо бошем, аз фарҳангу санъати хеш ифтихор намоем ва дар баланд бардоштани номи миллату Меҳан талош варзем!"- гуфт Сафир.
Ин суханони Сафири кишварро Алимамад Боймамадов, раиси Ҷамъияти тоҷикистониён тақвият дода гуфт, ҳоло рӯйи саҳна ҳунармандоне меоянд, ки садои эшон ягон сарҳаду монеаҳоро намешиносад, ҷаҳон аз ҳунари волои эшон истиқбол мекунад.
Овозхони гурӯҳи "Авесто" Таҳмина Рамазонова, ки воқеан бо як сабки тозаи омехтаи шарқу ғарб мехонад, ҳунармандони гурӯҳи "Ғарибон" ва дигарон рӯйи саҳна омада, барномаи ҷолиби консертӣ нишон доданд.
Аммо, барои толор ҳадяи беҳтарин- баромади гурӯҳи "Baraka", ки аз Латвия даъват шудаанд, буд ки аз ҷой бархоста ба ҳунари эшон каф мекӯфт. Ин гурӯҳи ҳунармандон аз яке кишварҳои Аврупои Шарқӣ бо таронаҳои тоҷикӣ ва оҳангҳои дилпазири мо дар ҷаҳон маъруф гаштаанд. Роҳбари гурӯҳи "Baraka" Дмитрий Евсиков гуфт, барои онҳо мояи ифтихору сарбаландист, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ суруд мехонанд. "Бо тамоми ҳастӣ дар хидмати фарҳангу ҳунари Тоҷикистон камар бастаем"-таъкид намуд ӯ.
Ин чорабинии фарҳангӣ, ки бо ташаббуси ҷомиаи тоҷикистониён- зодагони Бадахшон ва дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор шуда буд, басо хубу хотирмон гузашт.
Аммо, муҳимтарин нукта он аст, ки эҳсос мешавад тоҷикистониён баъди солҳои соли муҳоҷират, кору иқомат ва зиндагӣ дар кишвари рус, бахусус баъди бароварда намудани эҳтиёҷоти моливу иҷтимоии хеш, рӯйи ниёзи бештаре меоранд ба ғизои маънавӣ. Яъне, диаспораи миллии мо аз доираи муҳоҷирати меҳнатӣ оҳиста-оҳиста берун омада, ба сатҳи дигар, зинаи ташаккул ва пешрафт наздик мешавад. Бинобар ин, Сафорати Тоҷикистон, бахусус сафири тозатаъини кишвар, ки таҷрибаи бойи корӣ дар Аврупоро дорад, ба ин нуктаҳо таваҷҷӯҳи бештаре медиҳад. Мо мехоҳем ҳамватанони мо дар Русия низ нуфузу эътиборро ба ҳадде соҳиб шаванд, ки масалан, туркҳову эрониҳову афғонҳо дар Аврупову Амрико расидаанд. Ё бигирем, мавқеъ ва ҷойгоҳи назарраси арманиҳо, озариҳову гурҷиҳо дар Русияро. Албатта, дар ин ҷода бояд якҷоя кор бубарем, барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ, маъорифи ва тарбияви миёни насли хурдсол ва навраси тоҷиктабор дар Русия роҳандозӣ намоем. Шумора ва захираҳои инсонии ҳамватанон дар Россия барои ин корҳоро кардан заминаҳои зарурӣ фаро овардаанд. Сафири кишвар Имомуддин Сатторов дар тули сафарҳои ахираш ба Санкт-Петербург, вилояти Свердловск, Кишвари Краснодар ва ҳар куҷои дигаре, ки бо ҳамватанон дидору мулоқот дорад, ба ҳамин нуктаҳо таъкид менамояд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон