Версия для печати

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Избранное

04 Янв 2022
84 раз

3 январи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо ҳамдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуданд.

Зимни суҳбат баррасии баъзе масъалаҳои дар ҳошияи тавофуқоти 27 декабри соли 2021 дар шаҳри Санкт-Петербург дар сатҳи олӣ бадастомада идома ёфт.

Мусоҳибон азми худро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо мундариҷаи босифат ва иловагӣ тасдиқ намуданд.