7 декабри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Академияи илмҳои Россия, академик Александр Сергеев мулоқот кард.
Зимни суҳбат ҷонибҳо робитаҳо миёни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Россияро мусбат арзёбӣ карда, масъалаҳои минбаъдаи раванди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои пайгирии ҳолати пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим, инчунин рушди илми кишоварзӣ ва дорусозӣ муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба татбиқи минбаъдаи барнома ва тарҳҳои муштарак дар доираи ҳамкориҳои илмӣ миёни Тоҷикистону Россия, иброз доштанд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон.