2 декабри соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.
Сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расониданд. Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардиданд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия