Сафири Тоҷикистон ба Президенти Россия эътимоднома супорид Избранное

02 Дек 2021
97 раз

1 декабри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин эътимодномаи худро супорид.
Зимни он маросим Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин расонид.
В.Путин бо тазаккур аз 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Россия дар соли оянда, муносибатҳои ду давлатро дар сатҳи дӯстии самимона ва иттифоқии боэътимод арзёбӣ кард. Дар зимн раёсати бомуваффақонаи Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин ҳамкориҳои фаъоли Тоҷикистону Россия дар доираи ИДМ ба вежа қайд гардид.
Дар пасманзари вазъияти мураккаби Афғонистон, Президенти Россия аҳамиятнокии ҳамкориҳои ду давлатро дар таъмини амнияти минтақавӣ таъкид кард.
Владимир Путин ба Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар фаъолияти минбаъдааш ба сифати роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия муваффақиятҳо орзӯ намуд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон