Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ! Избранное

15 Июн 2021
246 раз

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки бинобар давом ёфтани маҳдудиятҳои ҷоришуда вобаста ба пандемияи коронавирус (COVID-19) дар қаламрави Россия ва бо назардошти марҳилаи бартарафсозии паёмадҳои он, 16 июни соли 2021 аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия фармон дар бораи танзими ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ содир шуд.
Мутобиқи он фармон мӯҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия то 90 рӯзи дигар, яъне то 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шуд.
Дар ин робита, шаҳрвандоне, ки натавонистанд ҳузури худро дар қаламрави Россия то кунун ба расмият дароранд (бақайдгирӣ, иҷозати кор ва ғайра), акнун метавонанд ин амалҳоро то 30 сентябри соли 2021 анҷом диҳанд.
Зимнан, шаҳрвандоне, ки қонунгузории Федератсияи Россияро вайрон накардаанд, аммо ба иллати маҳдудиятҳои пандемия, айни замон ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия ҳузур доранд, то 30 сентябри соли 2021 аз кишвар хориҷ (депортатсия) карда намешаванд.
Дар баробари ин, бояд таваҷҷуҳ кард, ки шахсони то замони шурӯъи пандемия ба қонуншиканӣ роҳ дода, аз ҷумла қонунвайронкунии маъмурӣ, барои он кирдори худ ҷарима карда мешаванд. Аммо онҳо низ, метавонанд то 30 сентябри соли 2021 бо пешниҳоди санадҳои дахлдор ба мақомоти корҳои дохилии Россия ҳолати ҳуқуқии худро ба расмият дароранд ва ё дар муддати 90 рӯзи минбаъда кишварро тарк намоянд.
Сафорати Тоҷикистон бо ибрози матлаби болозикр, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия қарор дошта, айни замон бо сабабҳои гуногун ҳуҷҷатҳои худро ба расмият надаровардаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз фурсати муносиб зудтар истифода намуда, ҳузури худро тибқи қонунгузории Россия қонунӣ намоянд.
Барои маълумот, дар зер ҷиҳати дастрасӣ ба матни фармони Президенти Россия иртибот дода мешавад:

http://www.kremlin.ru/events/president/news/65863

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон