Шоми ёдбуди шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Москва Избранное

13 Май 2021
160 раз

12 майи соли 2021 дар шаҳри Москва бахшида ба 110 - солагии шоири халқӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода Шоми ёдбуд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ доираҳои илмиву эҷодӣ, намояндагони мақомоти дахлдори Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин намояндагони диаспораҳои тоҷик иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов дар суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ки соли равон тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар ҳошияи чорабиниҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ба ин хотир дар ҷумҳурӣ бахшида ба эҷодиёту фаъолияти ин фарзанди баруманди халқи тоҷик баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ дар назар аст.
И. Сатторов хотиррасон кард, ки дар тӯли садсолаҳо сарзамини тоҷикон шоирон, нависандагон ва қаҳрамонони зиёдеро ба дунё овардааст, ки номҳояшон дар таърихи на танҳо адабиёти тоҷику форс, балки адабиёти ҷаҳонӣ ҷовидон мондаанд. “Сарзамини аҷдодии мо ҳанӯз аз оғози давлатдориаш, чун кишвари тамаддунофари соҳиби асолату фарҳанги бостонии пурғановат худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонист. Таърихи фарҳанг ва адабиёти тоҷикон дорои собиқаи тӯлонӣ буда, дар давоми қарнҳо роҳҳои пурпечутоби ташаккулро тай намудааст. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи он мушкилиҳо ҳамеша бетағйир боқӣ мондааст ва то ба имрӯз барои дарки арзишҳои инсонӣ - ростқавлӣ, ҷасорат, дурандешӣ, саховатмандӣ ва дӯстӣ муҳити мусоидеро фароҳам меорад.
Ба ин ҳаёт ва эҷодиёти ибратбахши яке аз намояндагони адабиёти муосири тоҷик устод Мирзо Турсунзода мисол шуда метавонад. Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёту фарҳанги халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст”, - илова намуд Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон.
Қайд гардид, ки шеваи назми устод М.Турсунзода аз он сарчашма мегирад, ки ӯ аз адабиёти классикии тоҷик ва халқҳои дигари ҷаҳон ба таври комил баҳравар гардида, дар натиҷаи мутолиаи фаровон малакаи баланди шоирӣ ҳосил карда, ашъори ноби тоҷикиро эҷод намудааст.
Дар назди ҳозирин, инчунин Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Швидкой Михаил Ефимович суханронӣ кард. Мавсуф роҷеъ ба робитаҳои густурдаи фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Россия ибрози назар карда, нақши муттаҳидкунандаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро муҳим арзёбӣ кард.
Директори генералии Китобхонаи адабиёти хориҷӣ Кузмин Павел Леонидович паёми табрикии Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Ярилова Олга Сергеевнаро қироат намуд.
Шоири шинохтаи рус, тарҷумон, адабиётшинос, муаррихи адабиёти рус, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт Синелников Михаил Исаакович дар бораи саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ ибрози ақида кард.
Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод М. Турсунзода намоиш дода шуд, ки он ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид.
Ҳамчунин ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз суруду таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Мирзо Турсунзода пешкаш гардид. Ҳунармандон бо оҳангҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд. Донишҷӯёни макотиби олии Россия аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд.
Шоми ёдбуди шоири тоҷик дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон