Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба таваҷҷуҳи ҳамватанон маълумоти иловагиро дар бораи парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо пешниҳод менамояд. Избранное

19 Июн 2020
484 раз

Чуноне дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, баруйхатгирии шаҳрвандон барои баргаштан ба Тоҷикистон тибқи талаботи муайяншуда, тавассути комиссияи дар назди Сафорат амалкунанда анҷом дода мешавад.

Ҳамватанони муҳтарам,
лутфан, таваҷҷуҳ намоед, ки маълумот дар бораи рӯзи парвозҳо ва аз куҷо харидани билети ҳавопаймо, пас аз тартиб додани руйхати мусофирон эълон мегардад.

Тартиб додани руйхат тибқи муроҷиати шаҳрвандон ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. сурат мегирад.
Нархи билетҳо аз тарафи ширкатҳои ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” муайян гардида, фурӯши билетҳоро низ, он ширкатҳо таъмин менамоянд, ки ҳамчунин шаҳрвандон огоҳ карда мешаванд.

Бинобар ин, аз ҳамватанон изҳори хоҳиш мегардад, ки фирефтаи қаллобон ва дигар шахсони ғаразнок нашуда, аз ягон нафаре билети ҳавопаймо нахаранд.
Ба шахсоне, ки тибқи руйхат, бояд билети ҳавопаймо харидорӣ намоянд, аз тарафи комиссия бо онҳо шахсан тамос гирифта, маълумот дода мешавад.
Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бори дигар огоҳ менамояд, ки дигар намуди фурӯши билети ҳавопаймоҳо пешбинӣ нагардидааст.

Ҳамчунин, масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазам ва таъмини рафту омади шаҳрвандон, ки аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ вобастагӣ дорад, мавриди баррасии ҳамаи кишварҳо қарор дорад ва ба маҳзи фароҳам шудани чунин имкониятҳо, маълумот дода мешавад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон