Ташаббусҳои Шамсулло Соҳибов дар муқовимат ба COVID-19 - намунаи олии ватандорӣ Избранное

11 Май 2020
295 раз

Имрӯз яке аз хатарҳои глобалӣ, ки  ба саломатии кулли  инсоният  таҳдиди ҷиддӣ дорад - паҳншавии  бемории коронавирус мебошанд. COVID-19 дар чунин шароити буҳрони инсонгарӣ ё гуманизми ҳар як миллатро  имтиҳон мекунад. Имрӯз тамоми ҷаҳониен кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба бемории коронавирус муқовимат намоянд. Аз ин рӯ сиёсатмадорон, соҳибкорон, муҳаққиқон, табибон ва дигар табақаҳои ҷомеъа мехоҳанд дар ин раванд саҳми худро гузоранд.
Зеро дар чунин вазъияти ҳассос ҳар яки моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо ва таҳдидҳо наҳаросида, ҷиҳати роҳҳои ҳалли онҳо дар доираи имкониятҳое, ки дорем чораандешӣ намоем.
Дар ин радиф Шамсулло Соҳибов, ки шахси хоксору поктинат асту дар рӯҳияи инсонгарӣ ба камол расидааст, бо ҳамватанонаш ҳаст.  Ин фарзанди нексиришти Тоҷикзамин ният дорад дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва иқтисодии худ баҳри дастӣ кӯмак расонидан ба  ҳамдиёронаш чораҳои саривақтии амалӣ анҷом диҳад. Умед дорам, ки ҳар як соҳибкори ватандори кишварамон аз ин иқдоми Шамсулло Соҳибов пайравӣ мекунанд ва бо ин амалҳои худ баҳри сиҳатмандии мардуми шарифи азизамон ва дар пешгирии паҳншавии беморӣ  COVID-19  чораҳо меандешанд.
Чуноне, ки  Пешвои муаззами миллат  Эмомали Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба 08 майи соли 2020  хеле бамаврид қайд намуданд, ки   “мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем. Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад.”
Дар  тақвияти суханони  Президенти  Тоҷикистон ҳаминро мехоҳам қайд намоям, ки мутафаккирони  бузурги тоҷику форс Саъдии  Шерозӣ дар бораи ваҳдати инсоният баҳри бартараф намудани дардҳои башар чунин гуфта буданд:
Банӣ одам аъзои якдигаранд.
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!
Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки хислати инсонгарӣ  ё гуманизм ҷавҳари тафаккури кулли мардуми тоҷик мебошад. Ақидаҳои инсонгарӣ  кашфиёти миллати мо асту, онро мо абадан сармашқи кору зиндагии ҳаррӯзаамон қарор медиҳем.
Дар фарҷоми  андешаҳои худ, ҳаминро бояд таъкид намоям, ки   имрӯз   мо   ба  мисли  Шамсулло Соҳибов дар солимии мардум, ободии кишвар, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ, ки аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, пайравӣ намоем.   
Бигзор мардуми шарифи азизамон ҳамеша ҷовидону саломат ва комилу бардавом бошанд ва дар Ватани азизамон маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ побарҷо бошад!
 
 
 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон