Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили 5500-солагии маҷмааи бостонии Саразм Избранное

21 Фев 2020
446 раз

20 феврали соли 2020 бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар толори меҳмонхонаи "Radisson Collection"-и шаҳри Москва чорабинии тантанавӣ ва намоиши аксҳо бахшида ба таҷлили 5500-солагии маҷмааи бостонии Саразм баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони Маъмурияти Президент ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Москва, чеҳраҳои маъруфи илму фарҳанг, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар суханронии ифтитоҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов роҷеъ ба таъриху фарҳанги шаҳри бостонии Саразм ибрози ақида сурат гирифта, қайд гардид, ки он маҷмааи таърихӣ дар Осиёи Миёна бо мавқеи муҳими стратегии замони худ, ба сифати як минтақаи пайвандгар миёни Сирдарё ва Амударё, дар рушди бемайлон дар ҳазорсолаҳои IV-III то милод нақши калидӣ доштааст.
Роҳбари Намояндагии дипломатӣ саҳми муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ҳифозат ва беҳдошти макон ва меросҳои таърихии Тоҷикистон, махсусан шаҳраки бостонии Саразм дар шаҳри Панҷакент ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён, таъкид кард. Зимнан тазаккур дода шуд, ки соли 2010 бо қарори иҷлоси 34-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, Саразм ба сифати яке аз қадимтарин маҳали аҳолинишин дар қаламрави Тоҷикистон ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин робита, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи вижаи ЮНЕСКО дар бораи ба тақвими байналмилалии санаҳои хотирмон (таърихӣ) ворид намудани ҷашнгирии 5500-солагии шаҳри Саразм қабул шуд.
Ҳамчунин бо муаррифнома дар бораи Саразм мудири шӯъбаи Шарқи Осорхонаи давлатии Эрмитаж П. Луре суханронӣ карда, роҷеъ ба пайдоиши Панҷакент ҳамчун таҷассумгари шаҳри қадимии шарқии Суғдиён, ёдгориҳои Осиёи Миёна дар асрҳои қадим ва миёна, асри биринҷии Саразм, инчунин марҳилаҳои асосии таърихии Суғд табодули афкор намуд.
Директори генералии Осорхонаи давлатии Шарқ Александр Седов оид ба таҳқиқоти бостоншиносони ҷаҳон зимни бозёфтҳои таърихии шаҳри бостонӣ бо далолати он, ки Саразм ҳанӯз дар ҳазорсолаи IV-III то милод маркази аввалияи шаҳрӣ буда, дар он фарҳанг бо сохти мураккаб рушд кардааст ва биноҳои таърихӣ бо ороиши дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, маълумот дод.
Аҳамияти таърихию фарҳангии Саразм ва Суғдиён ҳамчун мероси ҷаҳонӣ дар суханронии профессори Донишгоҳи давлатии Москва Шариф Шукуров низ қайд гардид.
Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳ дар мавзӯи «Аз Саразм то Суғдиён» доир карда шуд, ки дар он аксҳои дар Эрмитажи давлатии Санкт-Петребург ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бардошташудаи Сафарбек Солеҳ дар бораи шаҳраки Саразм муаррифӣ гардид. Дар он аксҳо бозёфтҳои бостоншиносӣ ва наққошиҳои деворӣ, ки инъикосгари достонҳои фарҳангию ҳамосии гуногунранг, тарҳҳои жанрӣ ва халқӣ буда, баъдан дар осори безаволи адабиёти тоҷику форс достонҳои Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ таҷассум гардиданд, ба маъраз гузошта шуд.
Дар он маҳфил меҳмонон имкон доштанд, то лаҳзае худро дар Саразм ва Суғди бостонӣ тасаввур намоянд, ки таасуроти хотирмонро дар онҳо боқӣ гузошт.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон