1 феврали соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода дар мулоқоти раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳо ва сафирони кишварҳои узви СААД бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С. В. Лавров иштирок кард.

Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанба бо тамаркуз ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ дар чаҳорчӯби СААД мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия аз ҳалокати як нафар ҷавони тоҷик, ки шаби 27 январи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Нов дар шоҳроҳи Ершов-Озинки бар асари садамаи нақлиётӣ даргузашт, хабардор буда, ҳамдардии хешро ба наздикони марҳум изҳор менамояд.

Қобили қайд аст, ки ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 1 нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони марҳум ва осебдида изҳори омодагӣ кард.

Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад.

Сафорати  Тоҷикистон дар Россия аз фавти шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Ленингради Федератсияи Россия, ки 25 январи соли равон бар асари бемории сурхча даргузашт, дар ҷараён  буда,  ҳамдардиашро ба наздикони фавтида  изҳор менамояд.

Бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасади шаҳрванди фавтида ба Ватан интиқол дода шуд.
Қазияи болозикр таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди гуштини миллӣ давоми се соли сипаришуда ҷадвали баргузории чорабиниҳои варзишӣ байни аҳолии кишвар аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла таҳия ва татбиқ карда шуд.

«Агар давоми соли 2020 485 мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир шуда бошад, соли 2021 он ба 2159 адад ва соли 2022 қариб ба 4000 чорабинӣ расонида шуд», — гуфт зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода.

Ба иттилои ӯ, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуд ва мунтазам рушд меёбанд.

Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат соли 2015 зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд. Таваҷҷуҳ ва иштироки бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин чорабиниҳо гувоҳи возеҳи он буд, ки гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) тавонист қаламрави худро васеъ намояд ва мақоми байналмилалиро соҳиб шавад.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии пояҳои давлатдории миллӣ- ин эҳё ва рушди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад. Зеро намудҳои миллии варзишӣ ҳамчун нишонаи соҳибфарҳангӣ барои миллати тоҷик рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошанд, ки ба таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона карда шудаанд.

Ин аст, ки инак дар саҳифаи варзиши мамлакат боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди варзишӣ ба вуқӯъ пайваст. Гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби Раёсати адлия ва корҳои дохилии кишвари Шветсария 17 июни соли 2022 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.

Зимнан ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» давоми соли 2023 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё оид ба гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) бо иштироки варзишгарон аз хориҷи кишвар дар назар дошта шудааст. Ин метавонад дар рушди ҳамагонии ин намуди варзиш мусоидати фаъолтар намояд.

Гӯштини миллии тоҷикон дорои таърихи чандинасра мебошад
Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Гӯштингирӣ ё худ гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд.

Паҳлавон ё худ шахсе, ки дар маъракаҳои гӯштингирӣ баромада, маҳорати худро ба дигарон пешниҳод мекард, аз азал миёни мардуми тоҷик маҳбубияти хоссаро доро буд. Дар замонҳои пеш ҷашни Наврӯз аз оғози баҳор то даромадани фасли тобистон, аниқтараш давоми се моҳ паҳлавононро бо ҳам ҷамъ меовард. Наврӯзро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифтанд ва паҳлавонон ба майдон баромада, ҳар яке деҳи худро муаррифӣ мекард. Аслан паҳлавонон дар болои сабзаи наврӯида бо пойҳои луч ва чакманҳо баромада, қувва месанҷиданд. Мардум маҳорати паҳлавононро дида, дар васфи онҳо то Наврӯзи оянда шеъру таронаҳо эҷод мекард, ки ин аз варзишдӯст будани мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Тавре Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии методӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз медорад, гӯштини миллии тоҷикӣ сароғози ҳама намудҳои гӯштин буда, варзиши суннатии миллати тоҷик аст.

«Дар замони Шӯравӣ ин намуди гӯштин чандон тарғиб намешуд, вале дар байни мардум маҳбубияти худро гум накард. Мардум бо хоҳиши худашон дар маъракаву ҷашнҳо ва махсусан ҷашни Наврӯз мусобиқаи гӯштингирӣ барпо мекарданд. Бо шарофати Истиқлолият солҳои охир мо тавонистем, ки гӯштини миллиро дубора дар шаклу усули наву муосир эҳё намоем», — иброз дошт ӯ.

Ба андешаи ӯ, дар замонҳои пеш паҳлавонон бо чакман болои сабзаи баҳорӣ қувва меозмуданд. Вазни чакмане, ки варзишгарон ба бар мекарданд, вазнин буд ва давоми сабқат ба паҳлавонон халал мерасонид. Барои паҳлавонон вақти муайян ҷудо нашуда буд. Варзишгарон то аз пой афтодан муҳориба мекарданд, ки аксари муҳорибаҳо мусовӣ анҷом меёфт ва ин барои тамошобин дилгиркунанда буд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Федератсияи гӯштини миллӣ ва соҳибкорони ватанӣ солҳои охир барои рушди ин намуди варзиш якчанд иқдомро ба роҳ монданд. Барои паҳлавонон вақти муайяни сабқат ҷудо шуд. Ҳамчунин давоми рақобат ба усулҳои анҷомдодаи паҳлавонон аз ҷониби довар баҳо гузошта мешавад. Шумораи мусобиқаҳо низ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ зиёд карда шуд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони соҳа дар кишвар бар он ақидаанд, ки сарчашмаи аксар намудҳои гӯштин гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва беҳтарин усули он дар дигар гӯштинҳо истифода мешавад. Аз ҷумла, дар дзюдо, самбо, кураш ва камарбандӣ. Асосгузорони ин намудҳои гӯштин аз усули гӯштини тоҷикӣ истифода бурда, гӯштинҳои худро дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ муаррифӣ намуданд. Миёни онҳо аз ҳама наздик гӯштини кураш аст, ки хоси мардуми узбек буда, ба гӯштини тоҷикӣ пайванди зич дорад. Солҳои охир дар баробари гӯштини миллӣ дар арафаи Наврӯз дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд гӯштини камарбандӣ ҳам доир карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ба паҳлавонони гӯштини тоҷикӣ мутахассисони соҳаи варзиши ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус доштанд. Аз ҷумла, сармураббии тими яккачини Иттиҳоди Шӯравӣ Владлен Михайлович Андреев паҳлавонони тоҷикро «дзюдочиёни тайёр» номидааст. Дар маҷаллаи «Физкультура и спорт» мақолае зери унвони «Гӯштингирӣ бародари самбо» аз чоп баромада буд, ки дар он ба усулҳои истифодабурдаи паҳлавонони тоҷик бо баҳои баланд дода буданд. Мутахассиси варзиш Евгений Чумаков паҳлавонони гӯштини тоҷикиро самбочиёну ҷудокорони тайёр унвон карда, ин намуди гӯштинро василаи хуби омода намудани паҳлавонон дар дигар намудҳои гӯштин арзёбӣ намуда буд.

Мояи ифтихор аст, ки таваҷҷуҳи мутахассисони хориҷӣ ба паҳлавонони мо зиёд аст, зеро паҳлавонони мо аз овони хурдӣ ба омӯзиши гӯштини суннатии гузаштагонамон машғул мешаванд.

27 январи соли 2023 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор шуд. Дар ин ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия иштирок карданд.

Зимни суханронии хеш Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Россия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват ба амал овард.

Ҳамчунин дар рафти ҷаласа ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда, таклифҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шунида шуд.
Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саҳмгузор бошанд.

24 январи соли 2023 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия М. Ю. Галузин баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

Ҷонибҳо ба масоили омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Владимирович Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар назар аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

18 январи соли 2023 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар деҳаи Сахаровои  шаҳри Москва боздид ба амал оварданд. 

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони мазкур бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубоши кишвари иқомат муваққатан боздошт гардидаанд.

Дар рафти боздид кормандони Сафорат бо  Роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот масоили  марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа худи ҳамон рӯз 10 нафар  шаҳрвандони дар ин муассиса нигоҳдошташуда ба Ватан фиристода шуданд. 

Ҳамчунин дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ анҷом ёфт. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.

Боздид аз боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар маркази таваҷҷуҳи Сафорат қарор дошта, ин иқдом пайваста анҷом дода мешавад.


Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия дар мавриди ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Россия рух додааст, дар ҷараён   буда,  бо таассуф қайд менамояд, ки аз чор нафар ҳалокшудагон ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон  изҳор менамояд. Шахсияти ду нафар ҳалокшудагон  аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат муайян шуда истодааст.
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони  ҳалокшудагон ва интиқол додани ҷасадҳо  ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.
Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск  қарор дорад.

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мубодилаи афкор карда, масоили марбут ба вазъи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

24 декабри соли 2022 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Россия баргузор гардид, ки дар он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ ва кормандони масъули Сафорат ва муассисаи консулӣ ширкат варзиданд.

Ҷаласа аз ҷониби Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Россия Бердов Фарҳод ифтитоҳ гардид.

Зимни суханрониаш Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон Д.Гулмаҳмадзода нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.

23 декабри соли 2022 дар бозори “Южные ворота”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ пахши мустақими телевизионии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо карданд.

23 декабри соли 2022 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия пахши мустақими телевизионии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар ҷамъомади мазкур барои тамошои Паёми Пешвои миллат, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунунии рушди кишварро мавриди арзёбӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян намуд.

22 декабри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Д.Гулмаҳмадзода бо вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти муносибатҳои байнипарламентиро, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, қайд карданд. Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

16 декабри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода бо Котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Сергей Поспелов баргузор гардид.
Миёни ҷонибҳо оид ба натиҷаҳо ва тавофуқоти ҳосилшуда зимни ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии XV–уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 5 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва баргузор гардид, табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон масоили марбут ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар СААД, таҳкими фаъолияти минбаъда дар заминаи равобити байнипарламентӣ ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Россия вобаста ба марги ду нафар ҷавони тоҷик, ки 14 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз ошёнаи 13-уми як бино афтида, ба ҳалокат расиданд, дар ҷараён буда, тасаллияти амиқи худро ба хешу пайвандони фавтидагон изҳор менамояд.
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.
Қазияи болозикр таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қарор дорад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон