Материалы отфильтрованы по дате: Суббота, 07 Октябрь 2017

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз хабари даргузашти Нуриддин Раҳмон сахт андуҳгин аст. Нуриддин Раҳмон дар тӯли ҳаёти хеш бо фаъолияти поквиҷдона ва фидокорона дар рушди ватану диёраш саҳми арзанда гузоштааст ва хислатҳои инсонии ӯ ба мисли хоксорӣ, поксириштӣ, самимият ва хайрхоҳӣ дар қалбу ёди дӯстон ва наздикон боқӣ хоҳанд монд. 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ин лаҳзаҳои сӯгворӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон ва хешу пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳон аст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

 

Опубликовано в Пресс-релиз

ПОСОЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В РОССИИ

политика, культура, искусство, общество, спорт, туризм, здравоохранение, трудоустройство, получение виз, выезд заграницу

КОНТАКТЫ ПОСОЛЬСТВА

ПОСОЛЬСТВО В СОЦИАЛЬНЫХ СЕТЯХ:

подпишитесь на новости:

Фотогалереи