|
03 Ноября 2011 |
|

Аҳли кори Сафорат донишманди закӣ, муаллифи асарҳои пурарзиши «Хуросон аст ин ҷо», «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», «Садри Бухоро», «Равшангари бузург», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист», «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» ва садҳо мақолаву пажуҳишҳои дигар вобаста ба сарнавишти забону адаб ва фарҳанги тоҷикӣ дар дарозои таърих, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, академик, устоди нуктасанҷ Муҳаммадҷон Шакуриро ба муносибати ба синни мубораки 85 расиданаш табрику таҳният гуфта, барояш аз даргоҳи Офаридгори меҳрубон тани сиҳату умри дарози бобаракат, осоиш ва илҳому нерӯи тоза дар роҳбариву роҳнамоии шогирдону пайравон ва кулли ҳаводоронаш таманно доранд ва дар шумори хайрхоҳону дуогӯёнаш дасти дуо мебардоранд:
Ҷузъ ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта:
«Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ».
Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия |