Вохӯриҳои намояндаи порлумони Тоҷикистон дар Петербург
12 Декабря 2011

Аз 6 то 10 декабри соли равон Маҳмадалӣ Ватанов - Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади огоҳ шудан аз рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятии куштори шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Расулов ба шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград сафар дошт, бо иддае аз роҳбарият ва намояндагони масъули ниҳодҳои гуногуни он шаҳру вилоят вохӯриҳо доир намуд. Ӯро дар ин сафар корманди Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҳамроҳӣ кард.

Рӯзҳои 7 - 8 декабр мулоқотҳои М. Ватанов бо муфаттиши шӯъбаи тафтишотии Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Россия дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинрад, муовинони прокурори вилояти Ленинград ва муовини Раиси дастгоҳи иҷроияи губернатори шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифт.

Ҳангоми дидор бо масъулини ёдшуда, Раиси Кумитаи порлумони Тоҷикистон қатли ваҳшиёнаи шаҳрванд Б. Расуловро маҳкум намуда, хоҳони зудтар ошкор гардидани ҷинояти мазкур ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани қотил гардид. Дар навбати худ кормандони масъули мақомоти ваколатдори кишвари иқомат низ он кушторро ваҳшиёна хонда, ҳамзамон итминон доданд, ки ҷинояткор ҳатман ошкор ва муҷозот хоҳад шуд.

Ҷои таъкид аст, ки 10 декабри соли ҷорӣ, бино ба ташхиси махсуси генетикӣ ҷасади Расулов Бахтиёр Ғафорович (соли таваллудаш  09.12.1982, бошандаи деҳаи Партизани ҷамоаи деҳоти Сайёд, ноҳияи Шаҳритус) таъйид гардид. Ҷасад, рӯзҳои наздик, баъди анҷоми ташхисҳои иловагӣ, ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар доираи сафар, М. Ватанов бо роҳбарияти Боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради ВКД Россия ва шаҳрвандони тоҷикистонии воқеъ дар он, вохӯрд. Тавре маълум гардид, дар Боздоштгоҳи ёдшуда 28 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дошта, 11 нафари онҳо рӯзҳои наздик ба Ватан фиристода хоҳанд шуд. Боқӣ, баъди муайян гардидани шахсият ва ҳуҷҷатгузориҳои зарурӣ, ба Тоҷикистон роҳӣ карда мешаванд.

Дар ҷараёни он боздид, вохӯрии М. Ватанов бо муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград кору зиндагӣ доранд, баргузор гардид.

Сафорат, зимни изҳори ҳамдардии амиқ ба наздикону пайвандони марҳум Бахтиёр Расулов, ба эшон, аз даргоҳи Парвардгори меҳрубон сабри ҷамил хоҳон аст.

Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх