Вохӯрӣ бо вакили мардумӣ дар Сафорат
03 Декабря 2011

3 декабри соли равон дар Сафорат вохӯрии Галия Рабиева – муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки дар таркиби ҳайъати нозирини кишварҳои ИДМ дар интихоботи порлумонии Россия дар шаҳри Москва қарор дорад, бо роҳбарон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими Россия, аз ҷумла Г. Ҷӯраева – роҳбари Маркази иттилоотию ҳуқуқии «Муҳоҷират ва Қонун», А. Сурхаков  - муовини раиси Созмони байниминтақавии ҷамъиятии «Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии машғул дар соҳаи сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва соҳаҳои омехта», Г. Ҳасанова - намояндаи Иттиҳоди навтаъсиси занони ҷаҳон (аз Петербург), роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистон,  вилоятҳои Омску Тюмен, ш. Ярославл, намояндаи созмони «Нур», намояндаи ҳамватанон аз ш. Петербург ва дигарон баргузор гардид.

Вохӯриро Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия А. Достиев оғоз намуда, дар бораи нақшу аҳамияти фаъолияти вакилони мардумии кишвар, бахусус дар марҳалаи кунунии ҷомеаи тоҷикистониён, аҳамияти вежа пайдо кардани масъалаи муҳоҷирати корӣ ва таваҷҷӯҳи беш аз пеши  ниҳоди қонунгузории ҷумҳурӣ ба он сухан ронд.

Сипас, вакили мардумӣ Г. Рабиева дар робита ба вазъи муҳоҷирини кории тоҷик дар Россия, мушкилоти мавҷуда, ҳодисаҳои қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари иқомат, аз ҷумла фоҷиаи ахир дар Петербург, ҷаласаи намояндагони мардумии Тоҷикистон дар ин замина ва ғайра изҳори назар намуд.

Ҳозирин пурсишу пешниҳодҳои худро дар иртибот ба тамосу ҳамкориҳои бештар бо вакилони мардумӣ, баррасӣ ва расидагии бештар ба мавзӯи муҳоҷирин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баён доштанд.

Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх