|

Нимаи дуюми рӯзи 26 октябри соли равон, дар Сафорат, вохӯрии Зариф Ализода - Омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо як сафари кории серӯза ба Россия омада буд, бо ҳамватанони касбу кори гуногуни муқими Россия баргузор гардид.
Абдулмаҷид Достиев - Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) дар Федератсияи Россия (ФР), вохӯриро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз сиёсати созандаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, иқдомҳо ҷиҳати беҳбудии ҳаёти мардум, афзоиши таваҷҷӯҳ ба ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла боз шудани консулгариҳои генералии ҷумҳурӣ ва таъйини се консули фахрӣ дар минтақаҳои гуногуни Россия, таъсиси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ва ба кор оғоз кардани намояндагии расмии он дар Россия сухан ронд. Ӯ, зимнан, аз фаъол шудани ниҳоди нав ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ва рӯи кор омадани Зариф Ализода ба ҳайси омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ёдовар шуда, ин ҳамаро гувоҳи пешрафту навгониҳо дар ҳаёти кишвари соҳибистиқлол хонд.
Сафири кишвар А. Достиев бо ситоиш аз донишу таҷрибаҳои кории З. Ализода, изҳори умед кард, ки тамосу вохӯриҳои ӯ бо мақомоти расмии ФР ва созмонҳои гуногуни ҳуқуқию ҷамъиятӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими Россия идомаи нек пайдо карда, дар роҳи густариши робитаҳои дуҷониба, бахусус ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар ин кишвар ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Сипас, З. Ализода таъсиси ниҳоди ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро чун меваи давраи истиқлол ва озодии кишвар арзёбӣ намуда, перомуни фаъолияти он ниҳод, ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, нақшаву барномаҳои корӣ, аз ҷумла Стратегияи инкишоф ва муайян кардани афзалиятҳо барои солҳои 2011-2015, баргузории ҳамоиши ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ва пазируфта шудани Эъломияи Душанбе ва ғайра сӯҳбат кард.
З. Ализода аз ҳадафи боздиди худ аз Россия, аз ҷумла дидору гуфтушунидҳояш бо Владимир Лукин – ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия, ки нимаи якуми рӯз ва бо иштироки кормандони Сафорат, аз ҷумла консул С. Ғаниева ва муовини роҳбари Намояндагии муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР С. Мирзоев доир гардид, сӯҳбат кард. Ӯ аз фазои хуби мулоқот ва баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ФР хотирнишон шуда, дар бораи баъзе нуктаҳои он санади ҳамкорӣ изҳори назар намуд. Тавре ӯ мутааккид гардид, имзои чунин як санади ҳамкорӣ бо омбудсмени Қазоқистон низ дар назар аст.
Гузашта аз ин, номбурда аз сатҳи хуби ҳамкориҳо бо Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск, инчунин омбудсменҳои вилояти Твер ва шаҳру вилояти Москва ёдрас шуда, аз нияти роҳандозии чунин равобиту тамосҳои наздик бо омбудсменҳо ва мақомоти расмии субъектҳои дигари Россия низ хабар дод.
Дар мулоқот А. Сурхаков – муовини Раиси Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи муҳоҷирини меҳнатӣ, Б. Лашкарбеков – раиси Созмони ҷамъиятии тоҷикони Россия «Нур», М. Мирзода – роҳбари Созмони ҷамъиятии дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия «Сомониён», С. Шоҳзода – мудири иҷроияи Маркази иттилоотию ҳуқуқии «Муҳоҷират ва Қонун», А. Балян – корманди «Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Россия», А. Острикова – корманди Бунёди «Тоҷикистон», Ҳ. Хушқадамова – хабарнигори Агентии иттилоотии «Ховар», С. Мирзоев – муовини роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ва дигарон иштирок доштанд.
Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия |