|
Тавре маълум аст, соли гузашта масъалаи латту кӯби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия боиси нигаронии зиёди ҷомеаи кишвар, аз ҷумла роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ гардида, мавзӯъ мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати кишвар дар Россия қарор гирифт.
Дар ин росто, Сафорат, дар давоми сол бо ниҳодҳои вобастаи Федератсияи Россия пайваста дар тамосу гуфтушунидҳои лозима буд.
Ҳанӯз, 3 феврали соли 2011, дар иртибот ба навори даҳшатоваре, ки дар он як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутаассифона, ному номи хонаводагӣ ва мушаххасоти дигари ӯ ҳанӯз муайян нест) аз ҷониби чанд тан ҷавонони миллатгарои рус мавриди латту кӯб ва шиканҷа қарор гирифта буд, Сафорат ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ёддошти эътирозиеро ҳамроҳ бо навори дар интернет паҳншуда, фиристода буд.
Имсол, 24 январ, чунин як гуфтушуниди кормандони Сафорат бо намояндагони мақомоти тафтишотии Раёсати шаҳрии Вазорати корҳои дохилии шаҳри Москва доир гардид.
Дар вохӯрӣ муфаттиш Юшенко Павел Владимирович кормандони Сафоратро бо корҳои мушаххаси вобаста ба кушодани он ҷиноят анҷомгирифта дар ҷараён гузошта, таъкид кард, ки мавзӯъ мавриди назорати қатъии роҳбарияти ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, номбурда, аз мушкили ҷиддие, ки дар раванди таҳқиқу тафтиши дақиқ вобаста ба муайян кардан ва пайдо намудани он шаҳрванди ҷабрдида пеш омадааст, хотирнишон гардид. Ба гуфти муфаттиш, баъзе аз доираҳои миллатгароёни гумонбар маълум карда шудааст, аммо то ҳанӯз пайдо нашудани шахси ҷабрдида бошад, метавонад боиси душвориҳо дар пешрафти кори тафтишотӣ гардад.
Аз ин рӯ, Сафорат, бо дарназардошти дархости ҷониби Россия, бори дигар, аз кулли ҳамватанонамон новобаста ба кишвари сукунат ё маҳалли будубош, хоҳиш менамояд, то дар бораи шаҳрванди ҷабрдидаи Тоҷикистон (ба акс нигаред), агар иттилое дошта бошанд, ба ин ҷониб пешниҳод намоянд.
Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия |