|
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Москва омад |
|
18 Декабря 2011 |
|
Имрӯз, 18 декабри соли 2011, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари корӣ ба ш. Москва омад.
19 декабр Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок хоҳад кард.
Интизор меравад, роҳбарони ҳайъатҳо ҷараёни амалисозии қарорҳои ҷаласаи декабрии (с. 2010) Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва мувофиқаҳои вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои кишварҳои узви СААД дар Остонаро (12 августи 2011) баррасӣ намоянд.
Дар рафти ҷаласа нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии баимзорасии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, 10-солагии СААД ва дигар масъалаҳо матраҳ мегарданд. |