|
9-уми январи соли равон, тахминан соати 15.30 дақиқа дар тарабхонаи «Il Pittore», воқеъ дар хиёбони Нахимови шаҳри Москва, дар натиҷаи таркиши гази моеъ сўхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 40 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тавре маълум гардид, дар он ҳодиса 3 шаҳрванди зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи кормандони тарабхонаи ёдшуда низ, зарар дидаанд:
1. Умаралиева Мамлакат Қамаралиевна (соли таваллудаш 1969, зодаи ноҳияи Турсунзода), дар ҳоли ҳозир вазъи ӯ нисбатан вазнин аст;
2. Ҷалилов Муҳаммадиқбол Қосимович (соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Данғара), вазъаш мўътадил мебошад;
3. Саъдуллоев Раҷабалӣ Мерганович (соли таваллудаш 1969, зодаи ноҳияи Ваҳдат), вазъи ӯ низ мўътадил аст.
Кормандони масъули Сафорат, ба мақсади огаҳӣ ёфтан аз аҳволи шаҳрвандони осебдидаи кишвар, ба шифохонаи шаҳрии №36 ба аёдати онҳо рафта, ҳамчунин, бо намояндагони мақомоти дахлдори кишвари иқомат гуфтушунидҳо анҷом доданд.
Масъалаи вазъи он се тоҷикистонӣ ва ёриву мусоидатҳои лозима ба эшон зери назорати Сафорат қарор гирифта, кормандони алоҳида дар ин замина муваззаф гардидаанд.
Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Росия |