|
Мушкили парвоз ба сӯи Кӯлоб ҳалшуданист |
|
11 Января 2012 |
|
9 январи соли равон парвози хатсайри 704 Москва - Кӯлоб ба сабабҳои техникӣ мавқуф гузошта шуд.
Қарор буд, рӯзи дигар – 10 январ мусофирон ба сӯи Кӯлоб раҳсипор шаванд. Аммо, мутаассифона, рӯзи 10 январ, боз ҳам ба иллати носозихои техникӣ, парвози ҳавопаймо ба вуқӯъ напайваст.
Теъдоди умумии мусофирони озими Кӯлоб 80 нафар буда, интизор меравад, имрӯз, соатҳои наздик парвози ҳавопаймо ба хатсайри Москва-Кӯлоб сурат бигирад.
Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия |