Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон
13 Января 2012

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Зуевро рӯзи 13 январи соли 2012 ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, раванди роҳандозии лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар самти рушди устувор меҳвари сӯҳбатро ташкил доданд.

Ҳамчунин, атрофи баргузории Панҷумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) дар ш.Душанбе моҳи марти соли ҷорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар рафти он ҷонибҳо мавзӯи мусоидати ҷониби БРСММ дар баргузории конфронсро баррасӣ намуданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх