Иштироки Президенти Тоҷикистон дар нишасти навбатии сарони СААД
20 Декабря 2011

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок намуд.

Дар назди толори Ордени Екатеринаи муқаддас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзои созмонро Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медеведев истиқбол гирифт.

Дар ҷаласа беш аз 30 масъалаи ҳамкории амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои созмон баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи хосаи сарони давлатҳо зарурати бешубҳаи таъмини дастаҷамъонаи амният дар қаламрави СААД, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, таҳкими минбаъдаи Нерўҳои муштараки зудамали созмон бо техника ва аслиҳаи муосири ҳарбӣ, мусоидат ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси сохторҳои низомию амниятии кишварҳои аъзо ва таъсиси додани Кумитаи ҳарбии созмонро дастгирӣ намуд.

Натиҷаи асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои СААД ин аст, ки минбаъд кишварҳои аъзои он танҳо бо ризоияти ҳамаи давлатҳои ин созмон метавонанд, пойгоҳи низомии давлатҳои дигарро дар ҳудуди худ ҷойгир кунанд.

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх