|
Шоми 14 ноябри соли равон вохӯрии А. Достиев - Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳури Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо Б. Карасин – муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия баргузор шуд.
Ҳангоми мулоқот қазияи халабони рус В. Садовничий баррасӣ гардида, зимнан, ҷараёни боздошт ва ҳукми суд нисбат ба халабони рус, сару садо ва бозтоби таҳрифомез дар атрофи он, инчунин роҷеъ ба афзоиши боздошти муҳоҷирини кории тоҷик дар шаҳру вилояти Москва дар рӯзҳои ахир ва мушкилоти мавҷуда дар ин замина табодули назар сурат гирифт.
Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар бораи диди мавзӯъ аз ҷониби Россия, аз ҷумла роҳбарияти он кишвар сухан ронда, изҳори умед кард, ки мавзӯъ бо дарназардошти муносибатҳои неку дӯстонаи ду кишвар ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Сафири кишвар гуфт, «Ҳини баррасии парванда аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми меъёрҳои ҳуқуқие, ки дар қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, риоя гардидаанд». Ҳамзамон таъкид гардид, ки «Ба фарқ аз ҷониби Россия, ки ба намояндагони дар судҳо иштироккунандаи мо сухан намедиҳанд, гӯё ин хилофи қонун бошад, мушовири Сафорати Россия дар Тоҷикистон ҳаққи сухан гуфтан дар мурофиаи додгоҳи халабон ва хабарнигорони Россия имкони хуби мусоҳибаи бевосита бо судшавандагон ва таҳияи хабару гузоришҳоро доштанд».
Ӯ дар бораи ахбори номунсифона ва муғризонаи расонаҳои хабарии ҳам расмӣ ва ҳам мустақили Россия, боздошти муҳоҷирини тоҷикистонии легалӣ ва ғайрилегалии муқими Россия дар амалиёти чанд рӯзи ахир аз сӯи ниҳодҳои вобаста ба муҳоҷирин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат, нигаронии роҳбарияти ҷумҳурӣ ва доираи васеи ҷомеаи Тоҷикистон дар ин замина ибрози назар кард.
Сафир дар идомаи сӯҳбат дар бораи баромадҳои Жириновский, Богдасаров, Митрофанов, Онишенко, Ромодановский, дурӯғу бӯҳтон ва иғвову ҷудоиандозии онҳо, ки мутаассифона шахсони масъули давлатианд, махсус таъкид кард ва чунин гуфт, «Онҳое, ки дар заминаи миллатгароӣ ва ҳисси миллӣ мехоҳанд дили мардуми бузурги Русро ба даст оранд, худ ба ин мардуми табиатан ба ҳаморандаву моил ба ҳамбастагӣ бо дигар миллату халқиятҳо, муносибате надоранд. Ба қавли худи онҳо «гастербайтерҳоянд», ки каме пештар дар ин кишвар аз қайд гузаштаанд».
Сафир изҳор дошт, ки "Дар бисёр ҳолат ҷамъияти мо толерантӣ аст гуфта фахр мекунем". «Аз нигохи ман «мафҳуми «таҳаммулпазирӣ (толерантност)» чизи хуб аст, аммо на дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар муносибатҳои байни инсонҳои дину мазҳабҳои гуногундошта, зеро ки «толерантност ё терпимост» маънои тоқат карданро дорад ва барангезандаи бадбиниҳост, зеро он сабру тоқатро нисбат ба ҳар гуна дину мазҳаб, расму ойини мухталиф талаб мекунад, боз ҳам таҳкид мекунам тоқатро, аммо чунонки медонем, ҳар гуна сабру тоқат хадди муайян дорад ва баъди он, боз бадбинӣ. Беҳтар ин аст, ки дар муносибатҳои байни одамон эҳтироми инсонӣ ва пеш аз ҳама эҳтиром ба эътиқоду расму оини ҳамдигар, бояд меъёри асосӣ бошад».
Б. Карасин гуфт, «Усулан бо тамоми гуфтаҳои Шумо мувофиқам ва дар ин бора роҳбариятро дар ҷараён мегузорам».
Сафири кишвар боварии худро ба мусоидати ҷониби Россия дар ҳалли мушкили мавҷуда иброз дошта, ҳамчунин, пойбандӣ ва алоқамандии Тоҷикистонро ба идомаи равобиту ҳамкории неку дӯстона бо Россия таъкид кард.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуд.
Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия |