Дар бораи фавти 6 тоҷикистонӣ ва интиқоли ҷасади онҳо ба Ватан
15 Января 2012

 

Сафорат, бо андӯҳи зиёд ба таваҷҷӯҳ мерасонад, ки 13 январи соли равон, дар як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи А-111.Р-89 байни шаҳрҳои Осташков ва Торжоки вилояти Твери Федератсияи Россия, тақрибан соатҳои 11-12 (ба вақти маҳаллӣ), шаҳрвандони зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шуданд:

1)   Тиллоев Мурод Шарифович (соли таваллудаш 24.10.1980),

2)    Солиҳов Зафар Охунович (соли таваллудаш 05.05.1986),

3)    Ҳоҷибеков Сафарбек Тошбекович (соли таваллудаш 27.11.1980),

4)    Ҷӯраев Зоҳидҷон Рустамқулович (соли таваллудаш 27.11.1980),

5)    Худойназаров Лазизҷон Олимҷонович (соли таваллудаш  01.09.1982).

Онҳо, ҳама, аз ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд мебошанд.

Тавре маълум гардид, ронандаи автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ 21099, бино ба суръати баланди ҳаракат ва яхбандии роҳ, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автобуси мусофиркаши рӯ ба рӯ  бармехӯрад. Мусофирони автобус  осеб надидаанд.

Ҷасадҳо, имрӯз, 15 январ, бо хатсайри №646 (Москва-Хуҷанд) ба Ватан фиристода мешаванд.

Ҳамчунин, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Ҳусайнов Алишер Нормуродович (соли таваллудаш 09.06.1990, бошандаи ш. Душанбе, кӯчаи Испечак, хонаи 130), ки дар  муассисаи ислоҳотии №УШ382/1 вилояти Саратоваи Федератсияи Россия адои ҷазо мекард, 6 январи соли равон, ба иллати сактаи дил, аз дунё чашм пӯшид.

А. Ҳусайнов санаи 14.08.2010 барои содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 162 қ.1 ва қ.2-и  КҶ Россия ба  мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Ҷасади Алишер низ, имрӯз, тавассути хатсайри №628 (Москва-Душанбе) ба Ватан фиристода хоҳад шуд.

Сафорат, бино ба марги шаҳрвандони ёдшудаи кишвар, ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳумон изҳори ҳамдардии амиқ намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳон аст.

Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикитон дар Федератсияи Россия

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх