|
Брифинги
Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон Д. Назриев (4 январи соли 2012)
Дар бораи 20 солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҷаҳон 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълом дошт ва ба раванду истиқрори муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои ҷаҳон оғоз бахшид Аз пайи ин эътироф намудани истиқлоли давлати тозабунёди Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон шурӯъ шуд. 4 январи соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ Муроҷиатнома қабул кард. Дар он Муроҷиатнома субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид гардида, аз давлатҳои ҷаҳон даъват ба омал оварда шуд, ки истиқлолияти онро эътироф кунанд ва бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намоянд. Дар натиҷа, Тоҷикистон танҳо дар соли 1992 бо 51 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Хитой, Эрон, Британияи Кабир, Туркия, Япония, ШМА, Арабистони Саудӣ, Олмон, Фаронса, Авсртия, Россия, Украина, Ҷумҳурии Корея, Белгия, Италия, Озарбойҷон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои дӯст муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. То имрӯз 147 кишвари ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, Тоҷикистон бо 124-тои онҳо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст. Дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой 4 январи соли соли 1992 Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд ва муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари ҳамҷавор барқарор гаштанд. Бист сол қабл ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф оварда, бо ҷониби Тоҷикистон мулоқотҳо орост ва дар натиҷаи гуфтушунидҳо Баёнияи муштарак ба имзо расид, ки дар он принсипҳои асосии муносибатҳои ду кишвар зикр шардидаанд. Тибқи он ҷонибҳо мувофиқа ҳосил карданд, ки муносибатҳои дипломатӣ барқарор мекунанд ва сафоратҳои худро мекушоянд. 13 марти соли 1992 дар Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ифтитоҳ шуд ва 31 августи ҳамон сол нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Хитой дар Тоҷикистон Си Чжао Мин ба Президенти Тоҷикистон Эътимоднома супорид. Дар навбати худ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой сафорати худро таъсис дод, ки он моҳи январи соли 1997 дар Пекин ба фаъолият шурӯъ кард. Нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Хитой Ҷамшед Каримов 20 июни соли 1997 ба Раиси ҶХХ Эътимоднома супорид Имсол Тоҷикистону Хитой 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии худро ҷашн мегиранд. Дар чаҳорчӯбаи ин ҷашни барои ҳар ду кишвар муҳиму таърихӣ чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор хоҳанд гашт. Қобили ёдоварист, ки бахшида ба ин чорабинии фархунда табодули паёмҳои табрикотии роҳбарони ду давлати дӯст ва вазирони корҳои хориҷии ду кишвар шуданд. Муносибатҳои дӯстонаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Хитой, ки дар асоси принсипҳои ҳамзистии осоишта пойдор аст, ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар босуръат тараққӣ меёбанд. То имрӯз заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишвар зиёда аз 160 санади муҳими дуҷонибаро дар бар мегирад, ки миёни онҳо Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ - асоси муносибатҳои дуҷониба буда, 15 январи соли 2007 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хитой ба имзо расидааст. Бояд тазаккур дод, ки дар 5 соли охир табодули мол байни ду кишвари дӯст тақрибан 15 маротиба афзуд. Имрӯз Хитой дар байни шарикони фаъоли тиҷоратии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо мебошад. Натоиҷи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар соли 2011 далели густаришёбӣ ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд мебошад. Дар давоми соли 2011 зиёда аз 50 ширкати хитоӣ дар самтҳои мухталифи иқтисоди Тоқикистон фаъолият карданд. Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ саҳнае мебошад, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро дар самтҳои мухталиф ба таҳким ва рушд мерасонад. Зеркомиссияи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ноҳияи Мухтори Синҷиан-Уйғури ҶХХ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-8 декабр дар Душанбе ҷаласаи дуввуми худро баргузор намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмиллалии Хитой дар давраи ҳисоботӣ ҳамеша даъватӣ буда, фаъолона иштирок кард. Дар соҳаи нақлиёт байни ду кишвар ҳамкориҳо хеле хуб ба роҳ монда шуда, лоиҳаҳои зерини барои кишвар муҳим дар сатҳи иҷро қарор доранд: 1. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (марҳилаи II) бо истифода аз маблағҳои иловагӣ ба маблағи 25,0 млн. долл. ИМА. 2. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (марҳилаи III) ба маблағи 76,500 млн. долл. ИМА. 3. Нақби «Шаҳристон» ба маблағи 79,800 млн. долл. ИМА (5253 м). 4. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Данғара (марҳилаи II) ба маблағи 151,500 млн. долл. ИМА. Дар соҳаи маориф дар давраи ҳисоботӣ муносибатҳо дар сатҳи рушд қарор дошта, бино ба захираҳои мавҷудаи ҳамкориҳои ду кишвар мебояд боз ҳам равнақ дод. Имрӯз дар 111 макотиби олии Хитой 923 донишҷуёни тоҷик ва зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни хитоӣ дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази Конфутсий фаъолият дорад, ки дар он донишҷӯёни зиёди тоҷикистонӣ забони хитоӣ меомӯзанд. Ҷониби Хитой барои мутахассисони тоҷикистонӣ дар самтҳои гуногун курсҳои омўзишӣ ва семинарҳо ташкил менамояд. Дар самти ҳамкориҳои фарҳангӣ бахшида ба 20-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Хитой чорабиниҳои гуногун дар ҳар ду кишвар баргузор гардиданд. Аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои фарҳангии ду кишвар дар Душанбе 26 июни соли 2011 дар Душанбе консерти калони ансабли тарона ва рақси Ноҳияи мухтори Синҷиан-Уйғури Хитой (зиёда аз 50 нафар ҳунарманд) ва ноябри соли 2011 намоиши ҳунармандони Сирки Хитой баргузор шуданд. Дар навбати худ гурӯҳи шашмақомхонони Тоқикистон ба Хитой сафар кард, Сафорати Тоҷикистон дар Пекин конфронси илмӣ (8.12.11, Пекин) баргузор намуд. Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун (аз августи 2010) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Олимов Рашид Кутбиддинович (аз ноябри 2005) мебошанд. Дар бораи қатъи интиқоли газ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Субҳи 4 январи соли 2012 интиқоли газ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Чумҳурии Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ қатъ карда шуд. Лозим ба таъкид аст, ки Тоҷикистон то ин вақт ҷиҳати байни ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ва Ширкати саҳҳомии “Узбектрансгаз” саривақт ба имзо расонидани шартнома доир ба интиқоли гази табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2011 ҶСК “Тоҷиктрансгаз” аз ҳамтоёни ӯзбекистонии худ хоҳиш намуд, ки оид ба ин масъала вохӯрии дуҷониба баргузор карда шавад, вале мутаассифона, ҷониби Ўзбекистон баргузории чунин вохӯриро ба таъхир гузошт. 18 ноябри соли 2011 дар ин мавзӯъ аз номи Сардори ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ба унвони Директори генералии Ширкати саҳҳомии “Узтрансгаз” мактуб таҳти №778/10 фиристода шуд, вале он низ бе ҷавоб монд. 22 декабри соли 2011 мактуби ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Алимардон ба унвони ҷонишини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Р. Азимов ирсол гардид. Дар ҷавоб ҷаноби Р. Азимов изҳор намуд, ки бино бар сабаби то ҳол ба анҷом нарасидани гуфтушунидҳо доир ба интиқоли газ ба истифодабарандагони асосии гази Ўзбекистон (Россия, Хитой), айни ҳол бастани шартнома байни Тоҷикистону Ўзбекистон дар хусуси интиқоли газ номумкин аст. Ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон низ доир ба ин масъала ба сохторҳои марбутаи ҷумҳурии ҳамсоя вохӯриҳои зиёд дошт. Дар иртибот ба ин масъала имрӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуда, ба ӯ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов супорида шуд. Ҷониби Тоҷикистон бо такя ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои тӯлонии мутақобилан судманд миёни халқҳои тоҷику ӯзбек изҳори умедворӣ мекунад, ки масъалаи зикршуда дар рӯзҳои наздик ҳалли мусбати худро пайдо хоҳад кард. Оид ба гузаронидани Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) дар Душанбе Бино бар тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Чорумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон - RECCA (Истамбул, 2-3 ноябри соли 2010) рӯзҳои 26-27 марти соли 2012 дар Душанбе Панҷумин конфронси RECCA баргузор мегардад. Ин Конфронс пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ бо Афғонистон дар бахшҳои гуногун ироа хоҳад намуд. Айни ҳол кӯшишҳои пайваста вобаста ба корҳои омодагӣ барои конфронси мазкур идома доранд. Таҳти роҳбарии Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Алимардон ва иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор Кумитаи тадорукотии конфронс таъсис ёфтааст. Илова бар ин, назди Вазорати корҳои хориҷӣ Ситоди конфронс амал мекунад. Имрӯзҳо дар Душанбе ҳайъати намояндагони Котиботи Конфронс, ки назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолият мекунад, ҳузур дорад. Бо намояндагони Афғонистон масъалаҳои мубрами омодагӣ ба конфронс, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Даъватномаи расмӣ ба иштирокчиёни конфронси Душанбе, Барнома ва Рӯзномаи конфронс, инчунин санади ниҳоии он баррасӣ гаштанд. Ҳамчунин ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки дар ҳошияи конфронс Анҷумани соҳибкорон (қабл аз баргузории конфронс) ва Анҷумани пажӯҳишгарон (ҳамзамон бо конфронс) барпо гардад. Мувофиқи барномаи конфронс, дар рафти кори он се ҷаласаи коршиносон дар мавзӯъҳои зерин баргузор мегардад: 1) Рушди иқтисодӣ тавассути бунёди инфраструктура (нақлиёт ва энергетика); 2) Рушди захираҳои инсонӣ тавассути пешбурди соҳаи маориф, таҳсилоти тахассусӣ ва омӯзиши касбӣ; 3) Рушди соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, транзит ва идораи сарҳадот. Дар рафти кори ҳар як ҷаласаи коршиносон лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан, кашидани хати интиқоли барқ, лӯлаи газ, таъсиси муассисаи омӯзишӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷорати наздисарҳадӣ ва ғ. муаррифӣ мешаванд ва мавриди мубоҳиса ва тасмимгирӣ қарор мегиранд. Интизор меравад, то дар Конфронси мазкур ҳайъатҳои воломақоми беш аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок намоянд. То имрӯз чор ҷаласаи ин Конфронс дар Кобул (с. 2005), Деҳлӣ (с. 2006), Исломобод (с. 2009) ва Истамбул (с. 2010) баргузор шудааст. Оид ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон Мирзоғании Аҳмад 1 январи соли 2012 тақрибан соати 01:00-02:00 дар вилояти Тулаи Федератсияи Россия, шаҳри Алексия, кӯчаи «Мир», дар назди мағозаи хурокворӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Мирзоғании Аҳмад, санаи таваллудаш 01.02.1991, сокини деҳаи Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мирзоғании Аҳмад бо ҳамроҳи се шаҳрванди Тоҷиқистон ҳангоми сайру гашти идона дар кӯчаи зикршуда, бо шаҳрвандони Тоҷикистон (тақрибан 10-15 нафар) бо сабабҳои номаълум муноқиша намуда, дар натиҷаи он аз захми корд ба ҳалокат расид. Ҳамроҳонаш Ҳаитов Сайёд, сокини ноњияи Рашт, Ёқубов Баракатулло, сокини шањри Душанбе ва Сангов Аҳлиддин, сокини шањри Кўлоб захмдор шуданд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдори шањри Алексия парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, 8 нафар гумонбаршудагон дастгир шудаанд. Ҷасади шаҳрванд Мирзоғании Аҳмад баъд аз гузаронидани ташхиси тиббӣ-судии лозима ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Дар бораи нашри шумораи нахустини маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон аз 30 августи 2011 таҳти №397 дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ” қарор қабул карда буд. Аз рӯи вазъи ҳуқуқиаш он ба ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Чанде қабл шумораи нахустини маҷаллаи илмиву назаривӣ ва иттилооти “Сиёсати хориҷӣ” аз чоп баромад. Сарсухан ба қалами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад. Дар ин шумора мақолаҳои ходимони давлатӣ, сиёсатшиносон, дипломатҳо ва мутахасисони соҳа дар мавзӯъҳои мухталифи сиёсати хориҷӣ, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, таърихи дипломатияи тоҷик, инчунин баъзе ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Аз ҷумла, мақолаҳои Ҳамрохон Зарифӣ “20 соли истиқлолият ва сиёсати хориҷии Тоқикистон”, Эркин Раҳматуллоев “Фардои ободи минтақа имрӯз ниёз ба стратегияи превентивӣ дорад”, Алиасғари Шеърдӯст “Аз шукӯҳи Сомониён то шукуфоии даврони истиқлол”, Мехмет Мунис Дирик “Муносибатҳои Тоҷикистону Туркия таҳким хоҳанд ёфт” ва дигарон ба масъалаҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Ба ҳайати таҳририяи маҷалла ходимони давлатӣ, олимону мутахассисони шинохта шомил гардидаанд. Вазорати корҳои хориҷӣ олимону мутахассисон ва коршиносони муносибатҳои байналмилалиро барои ҳамкорӣ ба хотири фарогир сохтани доираи мавзӯъҳои маҷалла даъват мекунад. Вазорат ба сафоратҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Туркия барои дастгириашон дар нашри маҷалла изҳори сипос менамояд. Дар бораи нашри китоби “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият” Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоберо бо номи “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият” ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба чоп расонида буд. Китоби мазкур ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он раванд ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишвар бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон, ҳамкории пурмаҳсули он бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, СКИ, СҲИ, СААД, ИДМ, СҲШ ва дигарон инъикос ёфтаанд. Ҳамзамон, бахшҳои алоҳидаи китоб чунин бобҳоеро ба монанди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳамкориҳои иқтисодии он бо мамлакатҳои гуногуни олам ва созмонҳои байналмилалӣ, музокироти сулҳи тоҷиконро дар бар мегирад. Китоб аз сарсухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақолаи Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷии давлати тозаистиқлол» оғоз меёбад. Ҳамчунин, китоб аз солномаи рӯйдодҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, рӯйхати кишварҳое, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф кардаанд ва кишварҳое, ки бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, созмонҳои байналмилалие, ки давлати мо узви онҳост ва рӯйхати намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа иборат аст, ки онҳо дорои аҳамияти хос ва маълумоти мавриди таваҷҷӯҳи доираи васеи хонандагон мебошанд.
|