|
18 октябри соли равон дар ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иҷлосияи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ва 19 октябр иҷлосияи Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид, ки дар он ду чорабинӣ ҳайъати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии нахуствазири кишвар Оқил Оқилов иштирок кард.
Дар ҷараёни кори иҷлосияи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки он таҳти роҳбарии ҷониби Тоҷикистон доир гардид, қариб 20 лоиҳаи санади гуногун оид ба таҳкими фаъолияти кишварҳои узви Иттиҳод дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла, лоиҳаи Қарордод дар бораи таъсиси минтақаи озод ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳалаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хамчунин, дар нишасти васеи роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳод лоиҳаҳои Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ дар давраи то соли 2020, Консепсияи рушди нақлиёти роҳи оҳани ИДМ то соли 2020, Консепсияи сиёсати ҳамоҳанги иҷтимоию демографии ИДМ, Консепсияи танзими асъор ва назорат бар асъор дар ИДМ ва ғайра муҳокима гардид.
Дар иҷлосия роҷеъ ба натиҷаи амалкардҳои муштараки кишварҳои узви ИДМ ҷиҳати бартарафсозии пайомадҳои бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ дар солҳои 2009-2010, инчунин рафти иҷрои қарорҳои пешини Шўрои сарони ҳукуматҳо низ табодули назар сурат гирифт.
Дар поёни кори нишасти Шўрои мазкур 28 санад, аз ҷумла Карордод дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ ба имзо расид.
19 октябр дар иҷлосияи Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё масъалаҳои ҷараёни татбиқи қарорҳои пешина, рафти иҷрои Нақшаи амалкарди муштараки кишварҳои узви Иттиҳод оид ба бартарафсозии пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, таъсис ва ташкили фаъолияти Суди Иттиҳод, таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, пайвастани Ҷумҳурии Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳод ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ муҳокима гардид.
Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
|