|

30 ноябри соли 2011 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ифтихори 100-солагии устоди забардасти сухан, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, фарзанди арҷманди миллати тоҷик устод Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ бо номи «Ёде аз устод Мирзо Турсунзода» баргузор гардид.
 |
Дар чорабинӣ меҳмонони зиёде аз ҷумлаи меҳмонони фахрӣ академик В.И.Музика, нависанда Шавкат Ниёзӣ, адабиётшинос Н. И. Пригарина, муовини сардабири маҷаллаи «Ирано-Славика», номзади илмҳои филологӣ М. Додохонов, тарҷумон, шоири халқии Россия М. И. Синелников , ёвари президенти Академияи ҳамраъйии халқҳои ҷаҳон (Академия духовного единства народов мира) Ш. Бобоев, корманди Маркази эроншиносӣ доктор Мӯҳсин Ҳайдарниё, роҳбари медиахолдинги «Tajinfo» М. Эгамзод, роҳбари ҷамъияти тоҷикистониён «НУР» Б. Лашкарбеков, шоирони ҷавон А.Ворисов, А.Шукруллоев, Ф.Фатҳуллоева, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии забонҳои Москва, шунавандаҳои Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ва намояндагони расонаҳои хабарӣ буданд.
Маҳфилро Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия А. Достиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи ҷашни саросарии М. Турсунзода дар гӯшаву канори Тоҷикистон, аҳамияти ин ҳамоиш дар Москва бо таваҷҷӯҳ ба нақши Москваву Петербург чун марказҳои фарҳангӣ барои тоҷикон сухан ронд. Ӯ таъкид кард, ки «Баъди Душанбе барои мо Маскаву Петербург чун маркази илму фарҳанг ва тамаддун аҳамияти хос дорад, дар ин шаҳрҳои бузург донишмандони зиёде пайи омӯзишу шинохти бузургони илму фарҳанги моянд. Аз ин рӯ, хостем, ин ҷо ба ифтихори устод Мирзо Турсунзода маҳфиле барпо намоем ва иддае аз намояндагони илму фарҳанг ва ҳамватанонро гирди ҳам биоварем».
Сипас, чанд тан аз донишмандону ихлосмандони шоири шаҳир дар бораи симо ва нақши устод Мирзо Турсунзода, бавежа дар адабиёт ва ҷомеаи тоҷик, паҳлӯҳои доманадори эҷодиёти ӯ ва фазилату хислатҳои наҷибу накӯяш ёдовар шуданд. Бахусус, суханрониҳои пурҳаяҷони академик В. Музика, нависанда Шавкат Ниёзӣ, адабиётшинос Н. Пригарина, донишманд М. Додохонов, тарҷумон М. Синелников хотирмон буданд.
Академик В. Музика – яке аз дӯстон ва ҳаводорони содиқи М. Турсунзода, ки зодаи Тоҷикистон буда, сӣ соли давраи кориаш дар Академияи илмҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст, дар бораи шоири номовари тоҷик сухан ронда, таъкид кард, ки дар ҳаёташ «беш аз ӯ марди нурониву хирадманд ва соҳибзаковатро надидааст».
Донишманд Ш. Ниёзӣ дар суханронии худ роҷеъ ба лаҳзаҳои алоҳидаи ҳаёти М. Турсунзода, обрӯву эҳтироми ӯ назди халқу миллатҳои дигар, бахусус назди донишмандони варзидаву давлатмардони давр нақл карда, ҳамзамон дар бораи нақши ӯ дар кору зиндагии шахсиаш ёдовар шуд. Номбурда дар фарҷоми суханронӣ таъкид ҳам кард, ки бино ба тасмими Иттифоқи нависандагони Россия, қарор аст баҳори соли 2012, ҳамроҳ бо ҷониби Тоҷикистон, маҳфиле ба ифтихори 100-солагии М. Турсунзода баргузор гардад.
Адабиётшинос Н.Пригарина аз шукӯҳу шаҳомати М. Турсунзода дар адабиёти навини тоҷик, таъсири ашъори ӯ ба адабиёти рус ҳарф зада, зимнан гуфт, «намунаҳое аз ашъори ӯ вориди хазинаи маънавии мардуми рус шудаанд». Номбурда аз ҷойгоҳи хоси ӯ миёни мардум сухан ронда, ҳамзамон таъкид кард, ки «хуб мебуд, агар дар баробари насли пешин таваҷҷӯҳи бештаре ҳам аз сӯи насли муосир ба ин абармарди сухан сурат бигирад, дар ин росто, бавежа пажуҳишгоҳи ховаршиносӣ метавонад корҳои мушаххасеро анҷом бидиҳад».
Донишманди тоҷик М. Додохонов дар бораи зиндагинома ва заҳматҳои шоир, қадрдонии ӯ аз сӯи давлату ҳукумати давр, хотираву бардоштҳо аз вохӯрӣ бо адиби маъруф, шеъру сурудхониҳои ӯ ҳикоят кард.
Ҳамчунин, тарҷумони маъруф М. Синелников, донишманди эронӣ М. Ҳайдарниё, роҳбари медиахолдинги «TajInfo», рӯзноманигори шинохта М. Эгамзод, ёвари президенти Академияи ҳамраъйии халқҳои ҷаҳон (Академия духовного единства народов мира) Ш.Бобоев, шоири ҷавон А. Ворисов ва дигар ихлосмандони устод М. Турсунзода аз рӯзгору эҷодиёти шоири зиндаёд ҳикоят ва аз эҷодиёти ӯ намунаҳо қироат карданд.
Донишҷӯёни русзабони соли якуми факултаи тарҷумонии Донишгоҳи давлатии забонҳои Москва аз достони «Ҷони ширин»-и устод Турсунзода пораҳоеро бо забони тоҷикӣ ва шунавандаҳои Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Россия намунаҳоеро аз эҷодиёти шоир ба забонҳои тоҷикию русӣ қироат намуданд, ки боиси хушҳолии меҳмонону дӯстдорони сухани Турсунзода гардид.
Маҳфили адабиро филми машҳури «Ҳасани аробакаш» ва суруду оҳангҳои дилнишини овозхон Шукуралӣ Ҷӯраев ҳусни хос бахшиданд.
Бахшида ба ҷашни шоири нобиға шумораи вежаи рӯзномаи «Тоҷикони Россия» чоп шуда, он ҳамроҳ бо китоби ҷашнии М. Турсунзода: «Гулчини ашъор» ба ширкаткунандагони маҳфил тақдим гардид.
«Мирзо Турсунзода бузургтарин шоир ва машҳуртарин тоҷик буд»-ин баҳои ҷавонмардонаи шоир Қайсин Қулиев ба устоди зиндаёд аст. Оре, устод Мирзо Турсунзода ҳамрадифи абармардони илму адаб ва фозилони замон ва аз рӯйи вазифаву масъулият сорбону машъалбардори ҳаракати сулҳу истиқлолхоҳӣ дар ҷаҳон ба шумор мерафт ва аз нафароне буд, ки дар симои ӯ симо ва илму фарҳанги тамаддунофарини мардуми тоҷикро медиданд.
Хадамоти мабуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия |